Талоши мақомоти Суғд барои беҳтар намудани вазъи сайёҳӣ дар вилоят

Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳии вилояти Суғд рафти иҷрои Нақшаи барномаҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Рӯзи 3 ноябр дар толори Сарраёсати молияи вилояти Суғд бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои байниидоравӣ доир ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон: таи ҳашт моҳ ба Мӯъминобод 6 ҳазор сайёҳ сафар кардааст

Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои рушди сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳалҳо, рафти иҷрои Нақшаи барномаҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 дар вилояти Суғд ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуд.

Зимни ҷаласаи мазкур мақомоти вилоят барои ислоҳи камбудиҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.