ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. “Чӣ гуям”, суруди ҷадиди Юлдуз Турдиева мебошад, ки моҳи октябр пешниҳоди омма шуда, матни онро Эҳсон Аъзамиён навишта, оҳангашро Даврон Аҳмадзод эҷод намудааст.
Инчунин Юлдуз Турдиева намоҳанги нави худро ба суруди “Бале бале” пешниҳод кардааст, ки тайи ҳафтаҳои аввали нашраш дар шабакаи интернет даҳҳо ҳазор ҳаводор пайдо намудааст.