Тоҷикистону Чин масъалаи ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои кибериро баррасӣ намуданд

Ҳайати калони намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су бо сафари расмии ҷавобӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар доираи ин сафар рӯзи 2 ноябри соли равон дар толори муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” мулоқоти сатҳи баланди роҳбарон ва ҳайатҳои расмии дуҷонибаи Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

ВУД дар Душанбе амалиёти прафилактикии “Одоби шаҳрдорӣ” мегузаронад

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур тарафи Чинро муовини сардори Демартаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су доир ба робитаҳои байналмилалӣ Тсзян Пин ва тарафи Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Назарзода Шариф Раҳмон роҳбарӣ намуданд.

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои бароҳмондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар доир ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум ва ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомотҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Чин - шарики стратегӣ: Раҳмон бо Ли Кетсян мулоқот кард

Инчунин тарафҳо масъалаи табодули таҷриба доир ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва раванди террористиву экстримистидошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандони милитсия ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми милитсияро баррасӣ намуданд. 

Дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмиву кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД Тоҷикистон дар кишварҳои ҳамдигар ташкил ва ба роҳ мкмонанд.