Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар арафаи рӯзи Сарқонун як қатор иншоот ифтитоҳ намуд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон корхонаи муштараки “Муосир”, маркази саломатӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии Раҳмон Футур ошно шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ба фаъолияти корхонаи муштараки “Муосир” оғози расмӣ бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Дар маркази идораи бинои маъмурии корхона Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугма таҷҳизоти муосири онро ба кор андохта, раванди истеҳсолотро тавассути монитор назорат кард.

Корхонаи муштараки “Муосир” дар масоҳати 24 гектар бунёд гардида, он аз 21 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин 14 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва инчунин аз Русия, Чин ва Узбакистон ворид мегардад. Айни замон дар корхонаи муштараки “Муосир” 3 намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол карда мешавад.

Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр берун аз ҳудуди корхонаи истеҳсолӣ 4 анбор бунёд карда шудааст ва дар ҳар яки он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит муҳайё мебошад. Анҷоми корҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, захира ва интиқоли маҳсулоти тайёр тавассути 12 техникаву механизми махсусу борбардор роҳандозӣ шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Муосир”, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхона санги асос гузошта шуда буд ва имрӯз бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар муддати камтар аз як солу шаш моҳ ин корхонаи бузурги саноатӣ ба истифода супорида шуд.

Инчунин имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 - ро ифтитоҳ кард.

 

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар арафаи рӯзи Сарқонун як қатор иншоот ифтитоҳ намуд

Бинои нави Маркази саломатии деҳаи Паркамчӣ аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, аз як ошёна ва ҳуҷраи барои хатна, таваллудхона, доругузаронӣ, ҳуҷраи қабули беморон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Айни замон Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Паркамчӣ ягона буда, он бо тамоми шароитҳои зарурии тиббӣ ва мутахасисон таъмин шудааст.

Дар шафати Маркази саломатӣ Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 - ро ифтитоҳ кард.

Бинои нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дорои 960 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Мактаб дорои синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар арафаи рӯзи Сарқонун як қатор иншоот ифтитоҳ намуд

Дар ҳоли ҳозир дар таълимгоҳ айни замон 300 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст. Онҳоро омӯзгорони соҳибихтисосу ботаҷриба таълим медиҳанд.

То имрӯз тариқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 16 нафар омӯзгори ҷавон аз ҳисоби хатмкардаҳои муассисаҳои соҳавии кишвар аз ВМКБ фаъолият менамоянд.

Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии Раҳмон Футур шинос шуданд.

Майдони умумии хоҷагӣ дар маҷмуъ 439 гектарро ташкил медиҳад ва аҳли меҳнат ба ғаллакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд.

Майдони боғоти хоҷаги имрӯз тақрибан 100 гектарро дар бар мегирад ва дар он асосан ниҳоли дарахтони меваҳояш ба содирот нигаронидашуда шинонида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар Кооперативи истеҳсолӣ - тиҷоратии “Раҳмон Футур” аз 10 то 15 тоннагӣ ҳосили бодом, олу ва нок ҷамъоварӣ карда шуд.

Имрӯз аллакай аз майдони умумии хоҷаги тақрибан 70 фоизи он ба ҳосил даромадааст.

Ҳамчунин ояндаи наздик дар ҳамин ҷо бо мақсади захира кардани ҳосили боғот барои 2 ҳазор тонна мева сардхона сохта мешавад.