ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона +1 ва рӯзона +12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона аз -2 то +3 ва рӯзона аз 7 то +12 дараҷа мерасад.
Дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар шарқи вилоят шабона аз 9 то -7 ва рӯзона аз -1 то +1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +3 ва рӯзона +11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо шабона +4 ва рӯзона аз +13 то +5 дараҷа гарм хоҳад шуд.