Пулҳои навбаромади 10 то 500 сомонӣ дар Тоҷикистон: эълони Бонки миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот пулҳои коғазии нави арзишашон 10, 20, 50, 200 ва 500 сомониро мебарорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар ин бора Бонки миллӣ 2 ноябр эълон карда, изҳор дошт, ки пулҳои нави бароришашон соли 2018 баробари пулҳои қаблӣ гардиш хоҳанд кард

Бар асоси иттилои БМ, дараҷаи ҳимояи пулҳои нав аз тақаллубкорӣ боз ҳам болотар бардошта шудааст.

Пешниҳод ба Ҳукумат: 2019 соли чӣ эълон шавад?

“Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ, таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ ва такмил додани унсурҳои ҳимоявии он, Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ намунаи соли 2018 ба муомилот мебарорад”, - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Бонки миллӣ афзуд, ки барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароити ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2018 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200, 500 сомонӣ чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.

Пулҳои арзишашон 200 ва 500 сомонӣ дар Тоҷикистон соли 2010 ба муомилот бароварда шуда, дар пули 200 сомонӣ Нусратулло Махсум ва дар 500 сомонӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ инъикос шудааст.