Вазорати молияи Русия ба минтақаҳо: аз муҳоҷирати қонунӣ фоидаи бештар бигиред

Вазорати молияи Русия эълон намудааст, ки қонунигардонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ метавонад ба буҷаи минтақаҳои Русия даромади иловагӣ биёрад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Вазорати молияи Русия ба мақомотҳои минтақаҳои кишвар пешниҳод намудааст, ки аз ҳисоби қонунигардонии фаъолитяи муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи худ маблағҳои иловагӣ ворид намоянд, хабар додааст дафтари матбуоти вазорат.

Инчунин Вазорати молия таъкид намудааст, ки аз ҳисоби қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ андоз аз даромади шахсони воқеъӣ ва пардохтҳои суғуртавӣ метавонад зиёд карда шавад. Вазорат пешниҳод намудааст, ки рейдҳои ошкор намудани иҷораи хона бидуни бастани шартномаро зиёд намоянд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи Маскав наздик ба 19 миллиард рубл фоида оварданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран мақомоти пойтахти Русия эълон намуданд, ки буҷаи шаҳри Маскав аз муҳоҷирони қонунӣ беш аз 20 миллиард рубл фоида хоҳад гирифт.

Елена Зяббарова роҳбари департаменти молияи пойтахти Русия гуфта буд, ки даромдаи буҷети шаҳри Маскав аз додани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли равон то 19 миллиард рубл расидааст ва ин рақам сол то сол афзоиш хоҳад ёфт.

“Ба буҷаи шаҳри Маскав дар соли равон аз ҳисоби додани иҷозатномаҳои корӣ барои муҳоҷирон беш аз 18 миллиард рубл даромад ворид гардидааст. Қарор аст дар соли 2019 ин нишондиҳанда то ба 19 миллиард рубл расонида шавад. Дар солҳои баъди яъне  2020 ва 2021 даромад ба буҷаи шаҳр ба 20 ва 21 миллиард рубл хоҳад расид”, - таъкид кард Зяббарова.

Вай афзуд, ки ҳафт сол қабл дар соли 2011 даромад ба буҷаи шаҳр аз ҳисоби  муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамагӣ ним миллиард рублро ташкил медод.