ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Расулзода гуфт, 15 қароре, ки дар ҷаласа қабул гардиданд ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ мусоидат хоҳанд кард.
Ӯ аз ҷумла асноди марбут ба омодагии муштараки кишварҳои ИДМ ба садамаҳои ҳастаӣ ва ҳамкориҳои бахши гуманитариро зикр кардааст.
Николай Спасский, муовини мудири кулли “Росатом”, дар шарҳи санади имзокардаи сарони ҳукуматҳои ИДМ ба Sputnik Қазоқистон шарҳ додааст, ки дар қаламрави кишварҳои созмон пойгоҳҳои ҳастаӣ бунёд мешаванд, истихроҷи уран сурат мегирад, марказҳои таҳқиқотӣ амал мекунанд. Маводи ҳастаӣ ва манбаъҳои радиоактивӣ интиқол дода мешаванд, марзҳоро убур мекунанд ва барои ҳамин зарур аст, ки як низоми ягонаи вокуниш ба ҳолатҳои садамаи ҳастаӣ дар қаламрави ИДМ ташкил карда шавад.