Коршиносон дар Данғара мадрасаи таърихиеро меомӯзанд

Мадраса то давраи инқилоби Шӯравӣ (соли 1917) фаъолият намуда, бо назардошти дар ҳолати харобӣ қарор доштан дар охири солҳои 80-и асри гузашта аз ҷониби сокинони маҳалӣ бо хишти пухта азнавсозӣ шудааст, ки дар натиҷа болору равоқҳо ва дару тирезаи он иваз гардидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Данғара Мадрасаи таърихии мансуб ба асри 19 мавриди омӯзиш қарор дода шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ташхиси аввалия муайян намудааст, ки ёдгории мазкур дар ибтидо аз хишти хом бо тарзи сохтмони суннатии миллӣ дар самти аз шарқ ба ғарб сохта шудааст.

"Ҳангоми суҳбат бо сокинони солхӯрдаи маҳаллӣ муайян гардид, ки Мадраса то давраи инқилоби Шӯравӣ (соли 1917) фаъолият намуда, бо назардошти дар ҳолати харобӣ қарор доштан дар охири солҳои 80-и асри гузашта аз ҷониби сокинони маҳалӣ бо хишти пухта азнавсозӣ шудааст, ки дар натиҷа болору равоқҳо ва дару тирезаи он иваз гардидаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Новобаста ба азнавсозии мадрасаи мазкур пойсутунҳо ва 5 адад сутунҳои дар шаклҳои алоҳидаи миллӣ тарошидашуда, сарсутунҳои дар шакли китоби кушода сохташуда ва дару тирезаҳои бе ягон мех бо ҳамваслшуда бо кандакорию нақшу нигори миллӣ ва катибанависӣ дар чӯб дар ҳолати аввалия, ҳамчун намунаи олии мероси санъати наҷҷории халқи тоҷик хело хуб боқӣ мондаанд.

Ба нозирони минтақавӣ дастур дода шуд, ки барои бақайдгирии ин ёдгории мероси меъмории халқи тоҷик ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро андешанд.