Генерал Назарзода аз ронандаҳои Душанбе хост, "гаппартои"-ро бас кунанд

Ба гуфтаи сардори Раёсати ВКД дар Душанбе бархе аз ронандагон бо мусофирон муносибати дағолона мекунанд, занону духтарони ҷавонро таҳқир мекунанд ("гаппартоӣ" - идора). Ӯ аз ронандагон талаб кард, ки чунин камбудиҳо бартараф карда шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал Шариф Назарзода дар рафти баррасии вазъи хизматрасонии нақлиёти Душанбе ва мулоқот бо масъулини соҳа аз ронандагон хостааст, ки "гаппартои"-ро ба занону духтарон бас кунанд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, Назарзода изҳори нигаронӣ кардааст, ки бархе аз ронандагон нисбати мусофирон муносибати дағалона карда, махсусан занону духтарони ҷавонро таҳқир мекунанд.

"Муносибати дағали бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, ҳаракатҳои майдаавбошона, таҳқири занону бонувон ва духтарони ҷавон аз ҷониби ронандагон имрӯзҳо дар ҷомеа сарусадоҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст", - изҳор доштааст ӯ.

Чудинова дар бораи “гаппартоӣ” дар Тоҷикистон: бояд вазъ тағйир ёбад

Сардори раёсат ба ронандагон таъкид кард, ки чунин камбудиҳоро бартараф намоянд, меафзояд манбаъ.

Шариф Назарзода ёдрас шудааст, ки барои бартафсозии ин камбудиҳо дар пойтахт бо супориши раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ  гурӯҳҳои махсуси оперативии корӣ таъсис дода шуда, ҳамрӯза дар дохили нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъятӣ фаъолият мебаранд.

"Баъди таъсиси гурӯҳҳоии мазкур 13 ҳолати майдаавбошии ронанадгони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ошкор карда шуда, нисбати онҳо бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоикистон (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва бо Ҳукми суд ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд", - гуфтааст сардори раёсат.

Ёдрас мешавем, моҳҳои июл хабар дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бо дастури раиси шаҳр барои баррасии озори лафзии мардон нисбати занон гурӯҳи корӣ ташкил гардид.

Пештар занон ба шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ мактуб навишта, дархост карда буданд, ки шаҳрдорӣ пеши роҳи ҷавонону мардонеро, ки ба қавле дар кӯчаҳову бозорҳо "гаппартоӣ" мекунанд, бигиранд.