ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Кумитаи дин аз "баракати танзим дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ" хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар 9 моҳи соли равон дар ноҳияи мазкур, "хатнасури хайриявии 65 кӯдак ба маблағи 11 ҳазору 217 сомонӣ, 1635 тӯйи домодию арӯсӣ баргузор гардидааст, ки хароҷоти умумии онҳо зиёда аз 4 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як маърака 2 ҳазору 689 сомонӣ рост меояд".
Забҳи чорво назар ба солҳои гузашта дар ноҳияи Ҳамадонӣ 10 маротиба камтар шудааст.
"Вале, мутаассифона, бо вуҷуди фаҳмондадиҳиҳои зиёд ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонун ва ба зиёдаравӣ роҳ додан дар ҷашну маросим ба мушоҳида мерасад. Чунончӣ, дар ин давра аз тарафи комиссияи доимӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура, ШВКД дар ноҳия нисбат ба 4 амали қонуншиканӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суди ноҳия ирсол карда шуд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷа бо қарори суд нисбат ба қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардид.