Бобоҷон Ширинов ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

Ҳодисаи пурсарусадои куштори ҳамсар дар Душанбе, дар хонаводаи як мансабдори номӣ генерал Раҷаб Ширин рух дода буд. Писари муовини пешини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон — Бобоҷон Ширинов дар манзили истиқоматиашон ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимоваро 11 корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро, ки ҳамсари собиқпаш Моҳира Ятимоваи 34-соларо  тобистони ҳамин сол даҳшатвор кушта буд, ба 18 соли зиндон дар маҳбусҳои низомаш сахт маҳкум кард.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.

Ширинов бегоҳи 6 июн ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимоваро, ки барои дидани фарзандонаш омада буд, дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ бераҳмона чанд зарбаи корд задаст. 

Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат мерасад. Сабаби муноқиша байни ҳамсарон тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.