Муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи Маскав наздик ба 19 миллиард рубл фоида оварданд

Мақомоти пойтахти Русия эълон намуданд, ки буҷаи шаҳри Маскав аз муҳоҷирони қонунӣ беш аз 20 миллиард рубл фоида мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Даромдаи буҷети шаҳри Маскав аз додани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли равон то 19 миллиард рубл расидааст ва ин рақам сол то сол афзоиш хоҳад ёфт, хабар додааст Елена Зяббарова роҳбари департаменти молияи пойтахти Русия.

“Ба буҷаи шаҳри Маскав дар соли равон аз ҳисоби додани иҷозатномаҳои корӣ барои муҳоҷирон беш аз 18 миллиард рубл даромад ворид гардидааст. Қарор аст дар соли 2019 ин нишондиҳанда то ба 19 миллиард рубл расонида шавад. Дар солҳои баъди яъне  2020 ва 2021 даромад ба буҷаи шаҳр ба 20 ва 21 миллиард рубл хоҳад расид”, - таъкид кард Зяббарова.

Путин санади нави сиёсати муҳоҷиратии Русияро ба имзо расонид

Вай афзуд, ки ҳафт сол қабл дар соли 2011 даромад ба буҷаи шаҳр аз ҳисоби  муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамагӣ ним миллиард рублро ташкил медод.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Қонуни созгорсозии фарҳангиву иҷтимоии муҳоҷирон бо тамоми сохторҳову идораҳои давлатӣ мувофиқа карда шуда ва то 15 январи соли 2019 ба Парлумон равон карда мешавад.

Бо қабули қонуни мазкур низоми пурраи ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамъиятҳои миллӣ доир ба корҳои муҳоҷирон ба роҳ монда мешавад.