Шаҳрванди фирории Русия 3 сол дар Тоҷикистон пинҳон шудааст

Шаҳрванди Русия, ки дар қатли як шиносаш муттаҳам мешавад, се сол аз пулис дар Тоҷикистон пинҳон шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Сокини 39-солаи шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск, ки дар қатли як шиносаш муттаҳам мешавад, баъди се соли фирор, дар Тоҷикистон пайдо ва боздошт шудааст.

Тибқи иттилои додситонии вилояти Челябинск, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парванда алайҳи марди муттаҳамро бо тасдиқи хулосаи айбдорӣ барои мурофиа ба додгоҳи ноҳияи Орджонкидзеи шаҳри Магнитогорск пешниҳод кардаанд.

Бар асоси тафтишот, муттаҳам зимистони соли 2015 як шиноси худро дар назди боғи дӯстии “Богатий остров” дар вилояти Челябинск ба қатл расонида, фирор кардааст. Ӯ баъди се соли пайгарди байналмилалӣ моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон боздошт гардида, ба Русия истирдод шудааст.