ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикии кишварро барои соли 2019 муайян намудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон.
Тибқи лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон, ки ҳоло барои баррасӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ равон шудааст, ҳаҷми маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикии кишвар беш аз 4,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ буҷаи Тоҷикистон, мисли солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоиашро ҳифз намудааст. Тибқи санади мазкур, Тоҷикистон барои рушди соҳаи иҷтимоӣ наздик ба 10,4 миллиард сомонӣ (1,1 миллиард доллар) равона хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, тибқи лоиҳаи буҷаи ҷумҳурӣ, соҳаи кишоварзӣ наздик ба 725 миллион сомонӣ, нақлиёт ва комуникатсия 618 миллион сомонӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд.
Ҳаҷми умумии бахши хароҷоти буҷаи давлатӣ дар соли 2019 наздик ба 23,8 миллиард сомонӣ ё 2,5 миллиард доллар, баробар хоҳад шуд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба буҷаи соли 2018 дар ҳаҷми 2,5 миллиард сомонӣ ё 265,3 миллион доллар зиёд будааст.