Тоҷикистон аз Туркманистон газу бензин мехарад

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо иштирок дар савдои биржаи молу ашёи хоми давлатии Туркманистон имконияти ба даст овардани нефту гази ин кишварро ба даст орад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Тоҷикистон хоҳишманди харидории бензину гази Туркманистон шудааст, хабар додааст саҳифаи интернетии “Туркманистон: асри тиллоӣ”.

Соҳибкорони кишвар ҳангоми баргузории  ҳаштумин ҷаласаи Комисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию бозоргонӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе, хоҳишманди харидории маҳсулоти нефтию газии туркманро шудаанд.

Тарафи Тоҷикистон мақсади ба даст овардани қиман бензин, маводи сузишвории дизелӣ, маводи сузишворӣ барои чархболу ҳавопаймо, равған барои муҳарикҳои техникӣ, гази моеъ ва полипропиленро ба воситаи иштирок дар савдои биржаи молу ашёи хоми давлатии Туркманистон доранд.

Ғайр аз ин дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ тарафҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои бозоргонӣ, саноатӣ, нақлиёт, қувваи барқ, экология, маориф, фарҳанг, варзиш ва иқтисодиёт баррасӣ карданд.

Туркманистон хоҳишманди харидории ноқилҳои алюмении Тоҷикистон шудааст.

Дар анҷоми ҷаласа тарафҳо санадҳои лозимаро ба имзо расониданд ва дар назар аст, ки соли оянда ин ҷаласа дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.