Протокол нисбати домод пас аз тӯй: зидди қонуни танзим арӯсбинон кардед

Дар Исфара нисбати як ҷавон пас аз барпо намудани ҷашни арӯсӣ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб доданд. Кормандони милиса муайян карданд, ки ҷавон пас аз 5 рӯзи тӯй маъракаи арӯсбинон ташкил кардааст. Ҳоло протокол ба Мақомоти иҷтироияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои қабули қарори дахлдор ирсол шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Ташкили арӯсбинон боиси сарсонии як оилаи нав дар Исфара шуд. Дар шаҳри Исфара як оиларо, ки баъди чанд рӯзи ташкили оила бо зиёда аз 20 нафар маъракаи арӯсбинон кардааст, ошкор намудаанд.

Бино ба иттилои дастрасшуда, кормандони милитсияи аҳр зимни гузаронидани як санҷиш дар ҳудуди шаҳр ошкор кардаанд, ки Абдолиев санаи 18-октябр соли равон бо шаҳрванд Одилзода Рухсорахон оила барпо карда, санаи 23-октябр маъракаи арӯсбинон кардааст.

Нисбат ба ин амалаи Одилзода Рустам протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, барои қабул кардани қарори қонунӣ ба МИҲД шаҳри Исфара ирсол шудааст.

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Хуҷанд барои таҷлили ҷашни зодрӯз як сокини ин шаҳрро 5 ҳазор сомон ҷарима баста буданд.