Мушкилоти обро дар Хоруғ ҳал кунем: мулоқоти Ёдгор Файзов ва Ҳадӣ Ҳусейнӣ

Мушкилоти асосӣ дар шаҳри Хоруғ ин норасоии оби нӯшокӣ мебошад ва мо роҳҳои зиёдеро ҷустуҷӯ дорем, то ин масъаларо ҳал созем, изҳор доштааст раиси вилоят
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо мудири Бунёди Оқохон дар масоили муҳити зист Ҳадӣ Ҳусейнӣ мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ.

"Ёдгор Файзов бо мудири Бунёди Оқохон аз мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ харф зад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки мушкилоти асосӣ дар шаҳри Хоруғ ин норасоии оби нӯшокӣ мебошад.

"Мо роҳҳои зиёдеро ҷустуҷӯ дорем, то ки ин масъаларо, ки мардум ба он ниёзи аввалиндараҷа доранд, ҳал кунем" - таъкид кардааст Файзов.

Мудири Бунёди Оқохон дар масоили муҳити зист гуфтааст, ки дар ин масъала Ҳукумати вилоятро дастгирӣ мекунад.

"Мо омода ҳастем, ки дар таъмин намудани оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ кӯмак намоем", - изҳор доштааст Ҳодӣ Ҳусейнӣ.