Ҷабборов: муҳоҷирони тоҷик Русияро кишвари бегона намешуморанд

Владимир Ҷаборов, муовини аввали Кумитаи Шӯрои Федератсия доир ба корҳои байналмилалӣ таъкид намуд, ки муҳоҷирони тоҷик метавонанд барои кор метавонанд дигар кишварҳоро интихоб кунанд, аммо Русияро барои онҳо наздиктар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик метавонанд барои кор ба дигар кишварҳо аз ҷумла ба Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб раванд, аммо Русия барои онҳо бегона нест.

Сатторов ба муҳоҷирон: аз рӯйхати сиёҳ бароед ва кору зиндагии худро идома диҳед (ВИДЕО)

Русия барои муҳоҷирони тоҷик наздиктар ва ба ҳамин хотир онҳо кишвари моро интихоб мекунанд.

“Муҳоҷирони тоҷик Русияро на барои он интихоб мекунанд, ки дар инҷо пули зиёдтар ба даст меоранд, балки барои он, ки Русия барои онҳо бегона нест. Агар муҳоҷирони тоҷик дар инҷо худро хуб ҳис мекунанд мо бояд барои онҳо шароит муҳаё намоем: маоши хуб ва имтиёзҳои иҷтимоӣ пешниҳод намоем”, - гуфт Ҷабборов зимни нишасти матбуотӣ доир ба  ҷамъбасти VI-умин Анҷумани байнипарлумониии Русияву Тоҷикистон дар ожонсии байналмилалии иттилоотии “Россия сегодня”.  

Ҷабборов: муҳоҷирони тоҷик Русияро кишвари бегона намешуморанд

Вай инчунин таъкид намуд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба бӯҷа ва пешрафти иқтисоди Русия саҳми арзанда гузоштаанд. Ба гуфтаи Ҷабборов иқтисоди Русия ба муҳоҷирони тоҷик ниёз дорад.

Ҳамчунин вай таъкид намуд, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия қонуну қоидаҳои ин кишварро хуб риоя мекунанд.