Таъиноти нав: мақомҳои иловагии Ҷамолиддин Убайдулло ва Зубайдзода

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмасаидро сафир дар Итолиё таъин кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳур, Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмасаид, ки сафири Тоҷикистон дар Фаронса мебошад, ҳамзамон сафири кишвар дар Итолиё таъин гардид. Ӯ ҳамчунин намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО мебошад.

Ҷамолиддин Убайдулло, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мебошад, ки қаблан роҳбарии раёсати кишварҳои Урупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва моҳи январи соли равон сафир дар Фаронса таъин шуд. 

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур инчунин иттилоъ дод, ки бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон аз 29 октябр, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло Наҷот ҳамзамон сафир дар Салтанати Уммон таъин гардид.