ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737-800 ширкати Liоn Air тақрибан баъд аз 10 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Ҷакарта, аз назари радарҳо ғайб задааст, хабар додааст рӯзномаи Straits Times.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳавопаймо аз Ҷакарта ба шаҳри Панкалпинанги ҷазираи Банкаи Индонезия парвоз мекард.
Ҳавопаймо соати 6:20 (4:20 ба вақти Душанбе) парвозро шурӯъ карда соати 6:33 аз радарҳо ғайб задааст.
Ҳамчуноне иттилоъ дода мешавад, ҳавопаймо бо 189 нафар ба ҳаво хест, аз 181 мусофири он 3 нафарашон кӯдакон будаанд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳавопаймо дар баҳри наздикии соҳилҳои Ява сарнагун шуд. Сарнишинони чандин киштиҳои ин минтақа хабар доданд, ки шикастапораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд. Ҷустуҷӯи ҳавпаймои сарнагуншуда оғоз шудааст.
Бино ба охирин хабари телевизиони Mash наҷотдиҳандагон дар макони суқути ҳавопаймо ба берун овардани он аз об оғоз кардаанд. Аммо тафсири ин хабар ҳанӯз интишор наёфтааст.
Инчунин дар саҳифаҳои интернетӣ рӯйхати мусофирони ҳавопаймои суқут карда ба нашр расидааст.
Lion Air —калонтарин ширкати ҳавопаймоии Индонезия буда, ба 126 фурудгоҳҳои азими ҷаҳон парвозҳоро анҷом медиҳад. Аммо ин ва ширкати ба он наздики Wings Air аз парвоз ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо манъ шудаанд.
Моҳи апрели соли 2013 Boeing 737-800 – и ин ширкат дар тункобҳои наздикии Денпасар ба замин нишаст ва ба ду қисм ҷудо шуд. Ҳамаи 108 мусофири он зинда монда буданд.