Таҷлили ғайриқонунии 25-солагии Азиза дар Хуҷанд ба давлат 5 ҳазор сомонӣ даромад овард

Додгоҳ Азиза Бобоҷонова, сокини шаҳри Хуҷандро барои таҷлили ғайриқонунии 25-солагияш 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Бобоҷонова 17 сентябри соли равон 25-солагии худро бо 6 дугонааш дар тарабхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд сари дастархони идона ҷашн гирифтааст, ки хилофи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мебошад.

Додгоҳ Бобоҷоноваро барои нақзи қонун  дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 5000 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид намудааст, ки “тибқи моддаи 8-и Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон" шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷашни зодрӯзро ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронанд”.