ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар ноҳияи Қубодиён марди 61-солае ба шӯъбаи милиса шикоят бурдааст, ки аспи гаронбаҳояшро рабудаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, шаби 4 ба 5-уми июли соли 2018 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Ҳаваскори ноҳияи Қубодиён ворид шуда, 1-сар асп, ки арзишаш 10000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 ва 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд", - гуфта мешавад дар итилои манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.