ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз рафти як амалиёти милисаҳо дар маҳаллаи 34 шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар пайи он зани сабукпои гирифтори бемории СПИД дастгир шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин маҳалла шабона занони сабукпо рӯирост ба шикор баромада, ба танфурӯшӣ машғул мешаванд.
Аз зани муттаҳам ба танфурӯшӣ ва гирифтори СПИД К.А.Б ном бурда мешавад.
"Зан, 8-уми июни соли 2015 расман ба қайди маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд гирифта шудааст. К.А.Б. бо вуҷуди он, ки аз беморияш огоҳӣ дошт, дидаву дониста ба фоҳишагӣ машғул шуда, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, ахиран сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд Д.Т. миллаташ русро таҳти таъсири инфексияи ВИЧ қарор додааст. Ҳоло бар зидди К.А.Б. бо моддаи 125 қ1-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши амалҳои ӯ идома дорад" - гуфта мешавад дар хабар
Моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ сироят кардан бо инфекцияи ВИЧ буда, қисми яки он дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфекцияи ВИЧ гузоштани шахси дигар мебошад. Ин қисми Кодекси ҷиноӣ бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазоро пешниҳод мекунад.
Манбаъ меафзояд, талабгорони занони сабукпо дар маҳаллаи 34 аксаран ҷавонони то 30-сола мебошанд, ки онҳоро низ сирояти бемории ВИЧ таҳдид мекунад.