ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Имомуддин Сатторов, сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия имрӯз, 26 октябр зимни нишасти матбуотӣ дар маркази матуботии ожонсии байналмилалии иттилоотии "Россия сегодня" хабар дод, ки Русия пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар мавриди муҳоҷират ба инобат гирифта, дар ояндаи наздик амалӣ мекунад.
Ба гуфтаи ҷаноби сафир, Тоҷикистон дар Анҷумани байнипарлумонии Русияву Тоҷикистон чандин масъалаҳои муҳоҷиратиро матраҳ кард, ки боиси ҷонибдории Русия шудааст.
“Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Русия масъалаи муҳоҷиратиро як бори дигар бозбинӣ кунад. Беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати сиёҳи Русия ҳастанд. Аксари ин шаҳрвандон аз Русия ба хотири гуноҳҳои ночизашон ихроҷ шуданд. Мо пешниҳод кардем, ки шахсоне, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудаанд, бахшида шаванд”, - изҳор дошт ӯ.
Ҷониби Русия пешниҳодҳои Тоҷикистонро қабул кардааст.
“Гуфтанд, ки ин масъалаҳо рӯзҳои наздик бозбинӣ мешаванд ва муҳоҷирони меҳнатиро афв хоҳанд кард”, - афзуд Сатторов.
Инчунин ҷониби Тоҷикистон масаъалаи содатар кардани низоми рафтуомад ва бодубоши муҳоҷиронро дар Русия ба миён гузоштааст.
Кишвар хоҳиш кардааст, ки Русия муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз 15 то 30 тамдид кунад.
“Пешниҳод кардем, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Русия бо иҷозатномаи корӣ фаъолият кунад, ба оилаи ӯ иҷозат диҳанд, ки бидуни патент дар Русия буду бош кунад ва кӯдаконашро ба мактаб диҳад", - изҳор дошт сафири Тоҷикистон.
Вай афзуд, Русия ҳамаи ин масъалаҳоро бозбинӣ хоҳад кард.