ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент мардеро ба иттиҳоми дузанагӣ боздошт кардаанд. Тавре як манбаъ аз Раёсати ВУД дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, аз марди муттаҳам Холмурод Қурбонов ном бурда мешавад. Ӯ сокини деҳаи Дашти Қозии шаҳр будааст.
Холмурод соли 1976 бо Дилором ном сокини шаҳр никоҳи қонунӣ баста, соҳиби 10 фарзанд гаштаанд. Мард соли 1998 бо Рафоат ном зани дигар никоҳи мусалмонӣ баста, бо ҳарду оилааш зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ доштааст.
Нисбати Қурбонов Холмурод бо моддаи 170 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.
Дар Тоҷикистон мувофиқи Кодекси ҷиноии кишвар дузанагӣ ё серзанагӣ мамнӯъ аст. Қонунгузории кишвар барои ин қонуншиканӣ ҷарима ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.