Хабарнигорони Узбакистон аз Тоҷикистон гузориш омода мекунанд

Хабарнигорони узбакистонӣ дар Фестивали "Оши палав", "Иди асалу харбуза", "Шириниҳои миллӣ" ва Фестивали вилоятии "Атлас ва адраси тоҷик — 2018", ки бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок доштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Хабарнигорони Узбакистон ба Тоҷикистон сарфар карда, аз мавзеъҳои торихиву фарҳангии кишвар гузоришҳо омода мекунанд.

Тавре дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, ҳайъати нӯҳнафараи хабарнигорони узбак 25 октябр дар фестивали "Оши палав", "Иди асалу харбуза", "Шириниҳои миллӣ" ва Фестивали вилоятии "Атлас ва адраси тоҷик — 2018", ки бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок доштанд.

"Аз телевизионҳои “Ӯзбекистон 24”, “Самарқанд”, “Боткент” ва рӯзномаи “Зарафшон” 9 хабарнигор ба Тоҷикистон омадаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Хабарнигорони Узбакистон тибқи барнома ҳамчунин аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят боздид намуда, барои тамошобинону хонандагони худ гузоришҳо омода менамоянд.