ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба аъзоён, ташкилкунандагон ва меҳмонони VI форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ" дуруд гуфта, қайд кардааст, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия дар ҳоли рушди босуръат қарор доранд.
“Муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар руҳияи дӯстӣ ва шарики стратегӣ бо суръат рушд карда истодаанд. Муҳимтарин ҷӯзъиёти муносибатҳо ин ҳамкориҳо ва бароҳмонии алоқаҳо дар соҳаи маориф ва илм мебошад”, - гуфтааст дар паёмаш Путин.
Вай қайд кардааст, ки рӯзномаи форум, ки лоиҳаи рушду нумӯ додани ҳамкориҳои минтақавиро дар соҳаҳои гуногун дарбар мегирад, масъалаи муҳим ва асосӣ ба шумор меравад.
Ба гуфтаи Путин ,вақтҳои охир миёни Тоҷикистону Русия масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ зиёдтар ба чашм мерасанд, ки ин аз ҳавасу хоҳишмандии тоҷикон баҳри омӯзиш ва пайдо кардани маълумотҳои миёнаю олӣ бо забони русӣ гувоҳӣ медиҳад.
Путин афзудааст, ки сафи омӯзгорони рус низ дар Тоҷикистон меафзояд.
Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки парлумонҳои кишварҳо ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия саҳмгузор хоҳанд шуд.