Путин ба дотсенти тоҷик Хол Холов медал дод

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Хол Холовро бо медали ба номи Пушкин сарфароз гардонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Владимир Путин фармонеро дар бораи ба ҷоизаи давлатӣ мукофотонидани як қатор ходимони фарҳанг дар кишварҳои хориҷ ба имзо расонидааст.

Мувофиқи ҳамин фармони раисҷумҳур,  дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон  Хол Холов бо медали ба номи Пушкини Русия  сарфароз гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин занг зада бо зодрӯзаш табрик кард

Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистону Русия мебошад.

Донишгоҳ дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, ба ҳайси донишгоҳи ду кишвар ва таҳти идораи якҷои Русияву Тоҷикистон фаъолият дорад.

ДСРТ дорои  панҷ факултет, институти такмили ихтисоси омӯзгорон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, комплекси таҷрибаҳои илмӣ дар шаҳри Норак ва дигар шӯъбаҳои илмӣ мебошад.

Соли 2016 дар маросими кушодашавии биноҳои нави ин донишгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буд, ки ин даргоҳи илму адаб дар давоми фаъолияташ зиёда аз 12 ҳазор мутахассис тайёр кардааст.

Дарсҳо ба забони рӯси гузаронида мешаванд, аммо дар ҳама факултетҳо забони тоҷикӣ ба таври ҳатмӣ омӯзонида мешавад. Баъди хатми донишгоҳ ба мутахассисон мувофиқи стандартҳои Русия диплом дода мешавад.