Убайдуллоев: агар мо намунаи ибрат набошем, ҳаққи ташвиқи дигаронро надорем

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Тоҷикистон, дар мулоқот бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия ҳамкорӣ дар бахши маориф, амният ва қонунгузориро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Думаи давлатӣ, Володин бо истиқбол аз 34,9 фоиз зиёд шудани додугирифти мол миёни Тоҷикистону Русия дар моҳҳои охир изҳор доштааст, ки ин омор баёнгари сатҳи муносибатҳост.

Убайдуллоев хостори бунёди боз як мактаби русӣ дар Тоҷикистон шуд

Володин инчунин аз иқдоми мақомоти тоҷик барои таҳкиму рушди мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон тавсиф намудааст.

“Дар Конститутсияи Тоҷикистон забони русӣ мақоми забони муоширати байналмилалиро дорад ва ин омили муҳим барои густариши ҳамкориҳо дар ин бахш ва маориф дар маҷмуъ мебошад. Феълан донишҷӯёни зиёди тоҷик дар Русия таҳсил доранд ва сохтмони 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон идома дорад”, - зикр кардааст Володин.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар навбати худ изҳор доштааст, ки баъди ба мақоми роҳбарии Думаи давлатӣ расидани Володин толори ҷаласаҳо тақрибан ҳама вақт пур аст.

“Агар мо, масъулини парлумон барои дигарон намунаи ибрат набошем, агар масъулияти маънавиро эҳсос накунем, мо ҳуқуқи ташвиқи дигаронро надорем. Шумо ҳақ ҳастед, ки минбари парлумон на барои намоишкорию шуҳратхоҳӣ, балки барои кор, масъулият ва баҳсҳо мебошад”, - изҳор доштааст Убайдуллоев.

Раиси Маҷлиси Миллӣ, таъкид намудааст, ки субот дар ҷаҳон имрӯз аз субот дар Русия вобастагии зиёд дорад.

“Суботу дастовардҳои Русия ин асоси муътадилӣ дар ҷаҳон аст. Мо муносибот бо Русияро хеле қадр мекунем. Ташаккур ба Русия, ки ҳамеша дар ҷабҳаи пеши мубориза бо терроризму экстремизм қарор дорад”, - илова намуд Убайдуллоев.

Убайдуллоев ва Матвиенко дар Маскав масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд

Ӯ инчунин аз ҳамтоёни русиягияш хоҳиш кардааст, ки имкони бунёди боз як мактаби русиро дар Тоҷикистон баррасӣ кунанд.

 Володин ва Убайдуллоев инчунин таҳияи буҷаи давлатиро барои солҳои 2019 – 2021 баррасӣ кардаанд. Раиси Думаи давлатӣ иттилоъ додааст, ки тайи чор соли гузашта вазъ мушкил буд, аммо тамоми уҳдадориҳои иҷтимоиро давлат иҷро кард. Володин афзудааст, ки соли равон қисмати даромади буҷа дар Русия аз хароҷоташ бештар мебошад.

Дар посух Убайдуллоев изҳор дошт, ки аксари кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ касри буҷа дорад ва дар фикри пур кардани он мебошад.

Зимни ин мулоқот инчунин раиси Думаи давлатии Русия изҳор доштааст, ки дар доираи СПАД имкони таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористию экстремистиро баррасӣ хоҳанд кард.