Ошкоршавии қочоқи 20730 литр маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Ду сокини вилояти Суғд 20730 литр маводи сӯзишвории дизелиро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бидуни санадҳои лозима бо роҳи қочоқ ворид кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Рустам Боқиев - як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо Мурод ном сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  20730 литр маводи сузишвории дизелиро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид кардаанд. Дар ин бора Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин ду сокини вилояти Суғд сӯзишвориро аз Қирғизистон ба бордони воситаи нақлиёти тамғаи "ДАФ"  бор карда ба ноҳияи Ҷаббор Расулов интиқол додаанд.

"Санаи 06 августи соли 2018 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯи аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи “ДАФ” рақами қайди давлатиаш 7412 ВО 02 дар назди НФС “Газпром”-и ноҳияи Ҷ.Расулов боздошт карда шуда аз бордони он 20730 литр маводи сузишвории дизелӣ дарёфт карда шуданд", - менависад манбаъ.

Мувофиқи хулосаи филиали Суғдии Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 августи соли 2018 арзиши умумии 20730 литр маводи сузишвории дизелӣ 161 694,00 (яксаду шасту як ҳазору шашсаду наваду чор) сомониро ташкил медиҳад.Нисбати Боқиев Р.Х. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда аз руи тобеъият ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд.