Дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсади пахтаро ҷамъоварӣ карданд

Хатлон беш аз 143,8 ҳазор тонна, дар Суғд беш аз 86 ҳазор тонна ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 7,7 ҳазор тонна пунба ҷамъоварӣ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Дар сартосари Тоҷикистон аз оғози мавсими ҷамъоварии пунба то 22 октябри соли равон беш аз 237,6 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, иттилоъ додааст хбаргузории ТоҷикТА.

Бино бар иттилоъи дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин шохис 56,6 дарсади ҳаҷми барномарезишуда мебошад.

Дар ин муддат дар вилояти Хатлон беш аз 143,8 ҳазор тонна, дар Суғд беш аз 86 ҳазор тонна ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 7,7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид.

Ситоди махсус дар Хуҷанд барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани пахта

Дар ноҳияҳои Бохтар ва Леваканд барномаи ҷамъоварии панба 97,9 ва 92,2 дарсад иҷро шуд.
Имсол дар 185 ҳазору 817 ҳектор замини Тоҷикистон панба кишта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 270 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд, ки 83 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар баробари алюминий пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии кишвар ва воситаи муҳими даромад ба буҷети давлатӣ шуморида мешуд. Солҳои 80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳамасола то 800 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда мешуд.