Боздошти нозири андоз ба иттиҳоми ришваситонӣ дар бозор

Корманди кумитаи андоз дар шаҳри Турсунзода дар бозори марказии шаҳр аз як мард 1000 сомонӣ пора талаб карда, гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як корманди Кумитаи андоз дар шаҳри Турсунзода ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, нозири андози шаҳри Турсунзодаро ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир намуданд. 

Номбурда, рӯзи 20-уми октябри соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар худуди бозори марказии шаҳри Турсунзода аз марди 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода 1000-сомониро ҳамчун пора талаб намуда, гирифтааст.

 1000-сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, нисбати мард мутобиқи моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ  оғоз гардида, тафтишот идома дорад.