БАТР боз ба Тоҷикистон 2 миллион доллар медиҳад

Бонки аврупоии таҷдиду рушд барои рушди тиҷорати байналмилалӣ ва соҳибкории занон 2 миллион доллар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар доираи Барномаи мусоидат ба рушди тиҷорат ва “Занон дар тиҷорат” ба “Аввалин Бонки молиявии хурд” 2 млн. доллар ҷудо хоҳад кард.

Гуфта мешавад, 1 млн. доллар – дар доираи маблағгузорӣ ба тиҷорати байнулмилалӣ ва боз 1 млн. доллари дигар – ба дастгирии соҳибкорӣ байни занон равона мегардад.

Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Барномаи “Занон дар тиҷорат” ба дастгирии соҳибкорӣ миёни занон тавассути пешниҳоди маблағгузории ҳадафнок, дастрасӣ ба навгониҳо, ҳамчунин дастгирии машваратии корхонаҳои хурду миёна таҳти роҳбарии занон равона шудааст.

Ёдрас мешавем, ки аз оғози фаъолият дар Тоҷикистон БАТР ба беш аз 120 лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисод беш аз 600 млн. евро маблағгузорӣ кардааст, ки аз он 32 дарсади он ба соҳаи молия рост омада, ба дастгирии соҳбкорӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.