Қурби рубл дар Тоҷикистон ба 0,144 сомонӣ расид

Бар асоси маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши доллар дар бозори ғайринақдӣ каме поин рафта, қурби рубл афзоиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши доллар дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон 9.43 сомонӣ ва арзиши фурӯши 1 евро аз 10,8046 то 10,8500 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, қурби рубл дар кишвар каме боло рафта, имрӯз 1 рубли русӣ  0.1439 то 0,1440 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки ду моҳи қабл қурби 1000 рубл то 134 сомонӣ поин рафта буд.

Қурби рубл дар Тоҷикистон поин рафт

Бонки миллии Тоҷикистон  барои бозори ғайринақдӣ қурби 1 доллари ИМА - 9.4182 сомонӣ, 1 евро – 10.8046 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1439 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қурби рубл, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ин асъор маош мегиранд, зиёд буда, поинравии он зарбаи ҷиддӣ ба даромади  хонаводаҳо дар ин кишвар арзёбӣ мешавад. Дар баробари ин афзоиши қурби доллар, ки одатан болоравии нархҳоро дар пай дорад, боиси нигаронии мардум мешавад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.