Ҷопон ба Тоҷикистон барои тарҳҳои иҷтимоӣ кумаки молӣ расонд

Ҷопон барои амалӣ кардани тарҳҳои иҷтимоӣ ба Тоҷикистон 180 ҳазор доллар кумаки молӣ додааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.  Бино бар иттилои сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, ҳукумати Ҷопон барои амалӣ намудани тарҳҳои иҷтимоъӣ ба Тоҷикистон 180 ҳазор доллар кумаки молӣ расондааст.

Имзои 7 созишномаи нави ҳамкорӣ бо Ҷопон

Маблағи мазкур барои сохтмони маркази кумаки равонӣ ва таъмини дифоъи ҳуқуқӣ барои бонувон дар ноҳияи Леваканд равона мешавад.

Ҳамчунин манбаъ таъкид намудааст, ки маблағи мазкур барои харидории экскаватор, ки барои тоза намудани соҳили рӯдхона дар ноҳияи Темурмалик лозим будааст масраф карда мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки Ҷопон сар аз соли 1996 дар чорчӯби барномаи кумаки бебозгашт (GGP) дар Тоҷикистон 398 лоиҳаи иҷтимоъӣ ба маблағи 31,5 миллион долларро анҷом додааст.