ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, як зани 30 солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шуд.
Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор зани 23-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 19-уми октябри соли равон, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахси номаълум дар кӯчаи Б.Ғафурови ҳамин шаҳр бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтари 3-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 300-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони ВУД Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, зани 30-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карданд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.