ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, ҳаво шабона +2+4 ва рӯзона +23+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона 6+11 ва рӯзона +20+25 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин обу ҳавои тағйирёбанда дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм хоҳад шуд.