Афзоиши истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то 16 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 420 ҳазор ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати саноат ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 70 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар Душанбе ба маблағи 15 миллион доллар корхонаи истеҳсоли оби ошимиданӣ месозанд

“Дар ин дастовард саҳми корхонаи КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” назаррас буда, 54  фоизи ҳаҷми ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида ба корхонаи мазкур рост меояд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки феълан дар анборҳои корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи соли сипаригардида  200 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад.

Вазорат илова намудааст, ки муштариён метавонанд, аз нуқтаҳои фурӯш ва анбори корхонаҳои ватанӣ ангиштро харидорӣ намоянд.