Муҳоҷирони узбакистонӣ дар Русия ҳуқуқ ба нафақаро соҳиб мешаванд

Интизор меравад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Узбакистон дар Русия ҳуқуқ ба нафақапулиро пайдо мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Русия ва Узбакистон нақша доранд, ки созишнома дар бахши нафақаи муҳоҷиронро ба ба имзо расонанд, иттилоъ додааст рӯзномаи "Известия".

Латукӯб ва захмӣ намудани як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург

Максим Топилин, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, изҳор доштааст, ки сухан дар бораи шаҳрвандони Узбакистон меравад, ки расман дар Русия фаъолият мекунанд ва ба буҷа пардохтҳои расмиро месупоранд. Топилин афзудааст, ки дар оянда чунин афрод метавонанд ба пардохтҳо аз буҷаи давлатӣ ҳуқуқ пайдо кунанд.

Узбакистон пешниҳод кардааст, ки додани патент ва иҷозатномаи кор ба муҳоҷирон дар Ватан, қабл аз сафар ба Русия роҳандозӣ шавад.

Вазири меҳнати Русия мегӯяд, масоили мазкур дар мулоқоти роҳбарони ду кишвар – Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев баррасӣ шуданд ва ёддошти тафоҳуме имзо гардид.

Санади мазкур чанд бахш, аз қабили таҳлили бозори меҳнат, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳоҷирони меҳнатиро фаро мегирад.