Боздошти раиси ҷамоати Шарора ва ду муҳандис ба иттиҳоми қаллобӣ барои додани замин

Номбурдагон, ба боварии марди 40-солаи сокини деҳаи Уртабӯз ва марди 53-солаи сокини ноҳияи Дарвоз даромада, аз онҳо барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди мавзеи “Уртабӯз” 22 ҳазору 600 доллари амрикоӣ ва 21000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидаанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Собиқ раиси ҷамоати деҳоти Шарора ва ду муҳандиси Кумитаи идораи замини шаҳри Ҳисор ба иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: марди 35-солаи собиқ раиси ҷамоати шаҳраки Шарора, марди 44-солаи собиқ муҳандис-заминсози Кумитаи идораи замини ш.Ҳисор ва марди 44-солаи собиқ муҳандис-заминсози Кумитаи идораи замини ш.Ҳисор, сокинони шаҳри мазкур бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуданд. 

Гуфта мешавад, номбурдагон, дар давоми солҳои 2012-2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини деҳаи Уртабӯз ва марди 53-солаи сокини ноҳияи Дарвоз даромада, аз онҳо барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди мавзеи “Уртабӯз” 22 ҳазору 600 доллари амрикоӣ ва 21000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидаанд. 
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.