Ба меъёрҳо мухолифат мекунад: эътирози Додситонии кулл ба қарори Вазорати маориф

Додситонии кулли Тоҷикистон дар Қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи сафари донишҷӯён ва омӯзгорон ба хориҷ ба санадҳои меъёри ҳуқуқии Тоҷикистон мухолифатҳо пайдо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар бораи лағви қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи тартиботи сафар ба хориҷ қабул кардааст.

"Ба намояндагони ҷомеаи шаҳрванди мактуби ҷавобӣ аз Прокуратураи генералӣ расид. Дар он гуфта мешавад, ки "Бо назардошти ба як қатор санадҳои меёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани қоидаҳои мазкур(қарори Вазорати маориф - идора) оиди бекор намудани он эътироз оварда шуд. Муроҷиати Шумо қонеъ карда мешавад", - омадааст дар саҳифаи фейсбукии Маркази муслақили ҳифзи ҳуқуқи инсон.

Дар оғози соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Мушовараи Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2018 таҳти №03\7, "Қоидаҳои фиристонидани кормандони соҳаи маориф ва илм, таълимгирандагон ва ҳайати омӯзгорону профессорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари хизматӣ ва ё таҳсил ба хориҷи кишвар" тасдиқ шуда буд.

Мувофиқи он, бояд ширкати  донишомӯзон, донишҷӯён, аспирантону докторанҳо ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар конфронсҳову симпозиумҳо ҳам дар кишвар ва ҳам дар хориҷ бо Вазорати маориф мувофиқа карда мешуд.

Барои мувофиқа кардан, донишҷӯ ё аспирант бояд ба Вазорати маорифи Тоҷикистон нусхаи мактуби расмӣ бо имзои роҳбари муассисаи таҳсилотӣ, нусхаи шиносномаи хориҷӣ, тарҷумаи ҳол ва даъватнома ба  чорабинро пешниҳод мекард.

Ҳамчунин сафаркунандагон бояд дар аризае нишон медоданд, ки дар 4 соли охир ба кадом кишвари хориҷ ва бо кадом мақсад сафар кардаанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, 2 июли соли 2018 ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки бинобар хилофи қонун будани қарори вазорати маориф эътироз оварда шавад.

19 октябри соли 2018, ба намояндагони ҷомеаи шаҳрванди мактуби ҷавобӣ расидааст, ки дар он гуфта мешавад, "муроҷиати шумо қонеъ гардонида шуд".