Рӯйпуш мекарданд: Ошкоршавии 119 ҳазору 546 сомонӣ зарари молӣ дар Вазорати фарҳанг

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар 20 муассисаи зертобеаш тафтишоти аудиторӣ баргузор намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон ҳаҷми зарарро дар муасисаҳои зертобеаш ба 13 ҳазор доллар баробар хонд, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Вазорати фарҳанг дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар 20 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар чор муассисаи театрӣ, шаш муассисаи нашриявӣ, як осорхона ва ду муассисаи таълимӣ, вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузаронидаааст.

Тағйироти кадрӣ дар муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг

“Ҳангоми таҳлилҳо дар ҳаҷми 119546,88 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рӯйпӯшкунии андозҳо, барзиёд пардохт намудани музди меҳнат, бақияи маблағҳои буҷетии хароҷот нагардида, пардохти зиёдатии сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор, шахсони ҳисобдеҳ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ташкил додаанд”, - таъкид намудааст Вазорати Фарҳанг.

Ҳамин тавр Вазорати фарҳанг дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони масъули моддӣ барои самаранок истифода бурдани маблағҳо, бе асос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ, аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.