"Дузди чолок": Фаридун дар пойтахт манзилҳои "боҳашамат"-ро ғорат мекард (АКС)

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз содир шудани чанд ҳолати дуздӣ дар шаҳри Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ хабар дода, гуфтааст, "онҳоро Фаридун ном сокини Рӯдакӣ аз усулҳои ҷинояткори моҳир истифода бурда, содир кардааст"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Фаридун Бекназаров ном сокини 38-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба иттиҳоми содир кардани 38 ҳолати дуздӣ, ки 300 ҳазор сомон хисорот доштааст, дастгир намудааст.

"Вақтҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ рабудашудани маблағҳои пулӣ, телевизор ва дигар ашёҳои қимматнок аз дохили манзилҳои истиқоматӣ шаҳрвандонро ба ташвиш оварда, ба кормандони милитсия муроҷиат менамуданд. Содиршавии ҳаммонандии ҷиноятҳо аз нафари ҷинояткоре дарак медод, ки тариқи шикастани дар ва аз болои девор вориди манзили истиқоматӣ шуда, бо як чолокии махсус содир шудаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

 

Фаридун қаблан, ки 3 маротиба зиндонӣ шуда будааст, "барои ба даст овардани маблағу даромади муфт аз ҳар роҳу восита истифода бурда, манзилҳои истиқоматии боҳашаматро мавриди ҳадафи ҷиноятии худ қарор медодааст".

Набудани соҳибхона, шикастани тирезаву кушодани он ва аз болои девор вориди хона шудан аз усулҳоест, ки ҷинояткори моҳир Фаридун Бекназаров барои ба даст овардани пулу моли муфт истифода мебурд, меафзояд манбаъ.

Қисме аз амволи рабудашуда, аз ҷумла 5 телевизор пайдо ва мусодира шудааст.

Айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.