Додугирифти коло миёни Тоҷикистону Узбакистон афзоиш ёфт

Тиҷорати мол миёни Тоҷикистону Узбакистон тайи 9 моҳи аввали соли равон 60 дарсад афзоиш ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар маҷмуъ гардиши мол миёни Узбакистон ва ҳамсояҳо дар Осиёи Марказӣ ва инчунин Афғонистон давоми 9 моҳ 38,2 фоиз боло рафтааст.

Тибқи иттилои ТоҷикТА дар Анҷумани тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд баргузор шуд, таъкид гардид, ки додугирифти Узбакистон бо Тоҷикистон – 60% ва бо Қазоқистону Қирғизистон 45 дарсадӣ зиёд шудааст.

Анҷумани тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ҳамоиши шарикону доираҳои соҳибкорӣ аз тамоми дунё мебошад, ки ҳадафи он рушди тиҷорату рақобат, бартарафсозии монеаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар минтақа мебошад.

Дар доираи анҷуман инчунин намоишгоҳи тиҷорӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 100 ширкати бахши нақлиёт, сайёҳӣ, технология ва коркарди  меваю сабзавот аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Покистон, ИМА, Итолиё, Нидерландия, Ҷопон ва Олмон маҳсулоташонро пешниҳод намуданд.