Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: аз барканории Ҳамрохон Зарифӣ то таъини сафир дар Ироқ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифиро аз мақоми сафир дар Ҷопон барканор карда, ба ҷои ӯ Мирзошариф Ҷалоловро таъин кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигараш Мирзошариф Ҷалоловро аз мақоми сафир дар Ҳиндустон, Непал ва Бангладеш барканор намуд.

Ҷалолов ҷойгузини Зарифӣ дар мақоми сафир дар Ҷопон шуд. Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз ходимони шинохтаи давлатии кишвар мебошад, ки моҳи декабри соли равон 70-сола мешавад. 

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, Зубайдзода Зубайдулло Наҷотро ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ таъин кард.  

Бо фармони дигари раисиҷумҳур, сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Шарифӣ Баҳодур Маҳмудзода ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн таъин гардид.

Таъини сафири Тоҷикистон дар Ироқ дар ҳолест, ки адами намояндагӣ дар Ироқ аз мушкилоти аслӣ барои баргардондани занону кӯдакони собиқ ҷангиёни "ДОИШ" дар ин кишвар арзёбӣ мешуд.