ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Айтмамат Назаров дар хитоб ба Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон суол гузошт, ки оё дар Тоҷикистон сафир дорем?
“Корашро намебинам ва буданаш эҳсос намешавад. Дар навоҳии наздимарзии Бодканд пайваста муноқишаҳо рух медиҳанд. Оё сафир ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ дорад? Мавқеашро дар ин масъалаҳо то ҳол нашунидаем”, - изҳор доштааст вакил дар хитоб ба сарвазир.
Ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, Абилғозиев посух дод, ки ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов фаъолият дорад.
"Бо Ниёзов ба наздикӣ дар Душанбе мулоқот доштам. Ӯ барои густариши муносибатҳои ду кишвар саҳмашро гузошта истодааст", - изҳор доштааст сарвазир
Абилғозиев афзудааст, ки ба масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон комиссияи байниҳукуматӣ машғул мебошад.
Сарвазири Қирғизистон 17 октябр дар парлумон Чингиз Айдарбековро ба мақоми вазири нави умури хориҷии ин кишвар муаррифӣ кард, ки аз ҷониби аксари вакилон пазируфта шуд.
Таваҷҷуҳи вакили Қирғизистон ба масъалаи марз бо Тоҷикистон дар ҳолест, ки қисмати зиёди марзи ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст ва баъзан номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегарданд.