Тағйироти кадрӣ дар муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг

Нуралӣ Шоев ба вазифаи муовини якуми директори Филармонияи давлатӣ ва Баҳром Тошев аз вазифаи Роҳбари бадеии "Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ" таъин гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бо фармони вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги кишвар тағйироти кардрӣ амалӣ гардид, хабар додааст вазорат.

Ҳамин тавр, бино бар фармони вазири фарҳанг, Нуралӣ Шоев муовини якуми директори Филармонияи давлатӣ, Баҳром Тошев роҳбари бадеии "Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ" ва Убайдулло Усмонхоҷаев муовини якуми директори "Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ таъин гардидаанд.