"Давлатов рӯйи зани дуюми ҷавонашро сӯзонду бо теғ бурид" (ВИДЕО)

Мақомоти умури дохилии шаҳри Бохтар аз боздошти Сайфиддин Давлатов иттилоъ доданд, ки дар латукӯби шадиди ҳамсари дуюмаш муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Давлатов ҳамсари дуюмаш - Сафарова Таҳминаи 30-соларо, ки аз худаш 14 сол ҷавонтар мебошад, шаби 6 октябр латукӯб кардааст. 

ВКД: “ниқобпӯш” не, Зулфиямо худаш худро корд задааст

“Дар пайи латукӯб, бо дастгоҳҳои барқии гармкунанда, аз қабили “кипятилник” ва “плита”-и барқӣ рӯйу бадани ҳамсарашро сӯзонда, бо алмоси ришгирӣ рӯяшро теғ зада, буридааст”, - омадааст дар гузориши ВУД.

Манбаъ афзуд, ки Таҳмина Сафаров, ҳамсари дуюми Давлатов буда, аз зиндагии якҷоя се фарзанд доранд.  Ҳодиса шаби 6 октябр, замоне рух додааст, ки Давлатов дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

 Муттаҳам гуфтааст, ки  қазия ҳангоми мастӣ сурат гирифтааст ва ӯ аз кардааш пушаймон мебошад.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки феълан алайҳи Давлатов бар асоси моддаи 117-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.