17 октябр дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керчи Қрим як донишҷӯ ба чанде аз муҳассилини омӯзишгоҳ бераҳмона ҳамла кард. Ӯ аввал ҷониби чанд нафар тир кушод ва сипас инфиҷор ба амал овард. Тавре расонаҳои Русия хабар доданд, дар пайи ҳамла аз 18 то 20 тан кушта ва бештар аз 50 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Сокинони шаҳри Керч ва Симферопол ёди қурбониёни ҳодисаро гиромӣ медоранд. Онҳо дар назди меъмории назди коллеҷ гул, шамъ ва бозича меоранд. Қариб дар тамоми шаҳрҳои Русия ёдгориҳои мардумӣ ташкил ёфтааст.